Мусоҳибаи хабарнигори

Мусоҳибаи хабарнигори ТВ Варзиш бо директори дастаи Хуҷанд

–  Дуруд бар Шумо Муродҷон Умаров! Як мавсими сипаринамудаи дастари Хуҷанд-ро  чӣ тавр баҳогузорӣ мекунед?

–  Соли аввал аст, ки   дар дастаи Хуҷанд ба ҳайси роҳбар фаъолият дорам. Дастаи Хуҷанд якчанд бозиҳои таърихии худро барпо намуд. Бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода даста аз ҷиҳати молӣ пурра таъмин гардид ва мо дар хориҷ машқҳои таълимию омӯзишӣ ва бозиҳои рафиқонаро ҳам доир намудем. Баъди ҳар бозӣ талош кардем бо мухлисон сӯҳбат ва чорабиниҳо ташкил кунем ва фикр мекунам, ки мухлисони Хуҷанд боз ҳам зиёдтар шуданд.

–  Бозигарони даста монандӣ Ҷаҳонгир Алиев, Эҳсон Бобоев ва Ҳоҷибой Зиёев аз сабаби ҷароҳат бардоштан дар марҳилаи дуюми чемпионати Тоҷикистон ширкат накарданд ва ин бозигарон кай ба даста пайваст мешаванд?

–  Ҳоҷибой Зиёев аллакай барои  бозиҳо омода аст. Ҷаҳонгир ва Эҳсон дар хориҷ ҷароҳӣ карданд ва фикр  мекунам  баъди ду ва ё се моҳ ба даста пайваст  хоҳанд шуд.

–  Роҳбарият бо кадом бозигарон созишномаро қать кард?

–  Баъди итмоми мавсим ҳамлавар  Фарҳод Тоҳиров тарки футбол кард ва бо легионери зодаи Украина Дмитрий Горбуш ҳамкориро бекор кардем.

–  Хуҷанд соли баъдӣ  бояд дар марҳилаи интихобии Ҷоми КФО ширкат  кунад ва мебинем, ки дар даста  таъғироти зиёд  нисбати соли қаблӣ дида намешавад. Бо ин ҳайат метавон ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи мазкур роҳ ёфт?

–  Мутаасифона бо ин ҳайат наметавонем ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО роҳ пайдо кунем. Мо нақша дорем, ки футболбозони боистеъдодро аз дастаҳои хориҷ  даъват кунем. Ман дар Куала Лампур бо роҳбарияти дастаҳои Алай ва Аҳал, ки шояд яке аз инҳо  дар марҳилаи интихобӣ ҳарифи мо шаванд  сӯҳбат кардам ва ҳарду ин даста низ танҳо барои рохҳат гирифтан ба марҳилаи гурӯҳӣ талош доранд. Тамоми кӯшиши худро сарф мекунем, то ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО рохҳат гирем.

–  Роҳбарият ва ситоди мураббиён чӣ нақшаҳо доранд?

–  Мо мақсад дорем, ки ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО рохҳат гирем ва соли баъдӣ  қаҳрамони Лигаи Олии Тоҷикистон  шавем.

–  Ташаккур ба як сӯҳбати самимӣ!

–  Барои Шумо ҳам ташаккур.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *